Август 31, 2017 16:43 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти сохту сози туннели “Истиқлол” ба поён расид

Маросими таҳвили ниҳоии амалиёти сохтмони туннели “Истиқлол” дар Тоҷикистон, бо ҳузури ҳайати эронӣ ва масъулони Комиссияи давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, такмили ниҳоии амалиёти сохтумони (марҳалаи аввал) туннели Истиқлол, ки шимоли Тоҷикистон бо ҷануби ин кишварро ба ҳам пайванд медиҳад, рӯзи панҷшанбе бо ҳузури мақомоти расмии тоҷик ва эронӣ анҷом шуд.

Дар ин маросим, Оҳувони Асл, муҷрии ин тарҳ ва намояндаи Вазорати нирӯи Эрон, ройзани иқтисодии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, намояндагони ширкати “Собир” ва ҳамчунин Азим Иброҳим- муовини нахуствазир, Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамлу нақл ва раисон, муовинон ва намояндагони тамоми ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ширкат карданд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон зимни боздид аз ин туннел, кайфияти корро дар он, дар сатҳи боло донист.

Абдулмаҷид Шарифов, мудири бахши сохту сози Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон низ гуфт, амалиёти сохту соз дар туннели Истиқлол аз соли 2003 оғоз шуда ва то ба имрӯз дар ин проект, 61 миллион доллар ҳазина шудааст.

Вай афзуд, баъд аз ин солҳо хушбахтона амалиёти сохтумони ин туннел ба поён расид ва Комиссияи давлатии Тоҷикистон ба сурати расмӣ, онро таҳвил гирифт.

Шарифов гуфт, аз ин пас ҳамлу нақл аз тариқи ин туннел бидуни ҳеҷ мушкиле сурат мегирад.

Тибқи изҳороти ин мақоми тоҷик, дар марҳалаи дуввуми ин проект, қарор аст, системи рӯшноӣ, таҳвия, оташнишонӣ ва назорати видеоӣ насб шавад ва гуфтугуҳои дутараф дар бораи анҷоми умури марбут ба оғози марҳалаи дуввум идома дорад.

Шарифов изҳор дошт, Ёддошти тафоҳум миёни тараф тоҷик ва эронӣ ба имзо расида, ки тахсиси тақрибан 8.7 миллион долларро дар назар дорад ва қарор аст, 50 дарсади инро тарафи тоҷик ва ними дигарро тарафи эронӣ пардохт кунад.

Бо сохти туннели Истиқлол ба тӯли панҷ ҳазору 200 метр, масири ҷодаи Душанбе - Хуҷанд ҳудуди 60 километр кӯтоҳ мешавад ва замони сафар дар ин масир ба панҷ соат коҳиш меёбад.