Намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 01 Sep 2017 11:12:22 GMT )
Сентябр 01, 2017 16:12 Asia/Dushanbe
  • Намози Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Маросими таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа бо иқомаи намози ид дар масоҷиди ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намози Иди саиди Қурбон соати 6:30 дақиқаи субҳи имрӯз таҳти иқдомоти шадиди амниятӣ дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон барпо шуд.

Агарчи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаро рӯзи Иди саиди Қурбон эълом карда, аммо Вазорати маориф ва илм таъкид карда буд, имрӯз барои донишомӯзону донишҷӯён таътил нест. Ин тасмими Вазорати маориф ва илм, ки норизоияти бисёреро ба дунбол дошт, сабаб шуд, бисёре аз муаллимон, устодон ва донишҷӯён имкони ҳузур дар намози Иди Қурбонро аз даст бидиҳанд. Аммо аз он ҷо, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон се рӯз таҷлил мешавад, мардуми ин кишвар метавонанд дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, дувуму севуми сентябр Иди Қурбонро ҷашн бигиранд ва ба диду боздид бигузаронанд. Дидори хешовандон, қироати Қуръон, аёдати беморон, ҳадия ба кӯдакон ва густурдани суфраҳои идона аз суннатҳои роиҷи мардуми мусалмони тоҷик дар рӯзи Иди Қурбон аст.