Сентябр 02, 2017 10:14 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти вуруди бонувони боҳиҷоб ба бархе идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Идораҳои сабти аҳвол ва дафтарҳои издивоҷ дар Тоҷикистон бо интишори иттилоияҳое дар маҳаллот ва маконҳои умумӣ, аз мамнуияти вуруди бонувони боҳиҷоб ба ин идорот хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “Фарғона”, дар ин иттилоияҳо бо истинод ба банди 10-и қонуни тозаислоҳшудаи ҷашну маросим дар Тоҷикистон ба завҷҳои ҷавоне, ки қасд доранд барои сабти ақди худ ба идороти сабти аҳвол ва дафтарҳои издивоҷ муроҷиа кунанд, эълом шудааст, ки аз даҳуми сентябр истифода аз ҳиҷоби исломӣ дар ин идораҳо мамнуъ аст.

Бар асоси банди 14-и Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикстон тамоми афроди ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ муваззаф ҳастанд фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз кунанд.

 Ҳамчунин ба волидайни мактаббачагон номаҳое ирсол шудааст бо ин мазмун ки вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба кӯдакистонҳо (маҳди кӯдак) ва мактабҳо мамнуъ аст.

Дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар талош шудааст ба таври расмӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои идорӣ ва тиҷорӣ аз ҳиҷоби исломии бонувон ҷилавгирӣ шавад.

Ин тарҳ аз сӯйи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ба баҳонаи муқобила бо “фарҳанги бегона” иҷро шудааст.