Сентябр 03, 2017 09:18 Asia/Dushanbe
  • Иллати ҳамла ба раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Додситони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иллати бо табар ҳамла кардани Диловар Олимов, сокини 39 солаи ин ноҳия ба раиси додгоҳро тавзеҳ додааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, манобеи додситонии ноҳияи Панҷ гуфтаанд, ки латукӯбкунандаи Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ қаблан ба пардохти нафақа барои ду фарзанди худ аз ҳамсари аввалаш маҳкум шуда буд, ки ин ҳукм муҷиби норизоятии вай ва далели сӯиқасд ба ҷони раиси додгоҳ шудааст.

Қаблан мақомоти интизомии ноҳияи Панҷ аз ҳамла ба раиси додгоҳи ин минтақа, захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудани Давлатманд Раҳимзода хабар дода буданд.

 Ин мақомот гуфтаанд, ки Диловар Олимов бо табар дар дафтари кории Давлатманд Раҳимзода ба вай ҳамла карда ва пас аз захмӣ кардани раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷ гурехта, аммо бо иқдомоти фаврии нерӯҳои интизомӣ шиносоӣ ва боздошт шудааст.

 Бар асоси ин гузориш, иллати ин муноқиша ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ алайҳи Диловар Олимов дар чаҳор соли қабл аст.

 Олимов ҳангоми ҷудо шудан аз ҳамсари аввали худ муддаӣ буд, ки бо ин зан бидуни сабти расмии издивоҷ зиндагӣ карда ва ду писари кӯчаки ин зан фарзандони ӯ нестанд, аммо додгоҳ бо истинод ба мадорик ва шавоҳид иддаои Диловар Олимовро рад ва ӯро ба пардохти нафақаи моҳона ба ин ду фарзанд ба маблағи 130 сомонӣ барои ҳар кӯдак маҳкум кард.

Панҷ сол қабл низ Зайнулобидин Ҷӯраев, сокини ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд ба нишони эътироз ба ҳукми эъломшуда аз сӯйи Абдулҳамид Давронов, раиси додгоҳи ин ноҳия ба сурати вай асид (кислота) пошид, ки муҷиби нобино шудани як чашми ин қозӣ гардид.

Додгоҳ Ҷӯраевро ба ҷурми сӯиқасд ба ҷони раиси Додгоҳи ноҳияи Исфара ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.