Сентябр 04, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷойи холии сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Сангҳои зинатӣ ва гаронбаҳои Тоҷикистон, ки ҳатто дар навиштаҳои Марко Поло, ҷаҳонгарди машҳури итолиёӣ тавсиф шудаанд, ҳанӯз ҳам ба бозори ҷаҳонӣ роҳ наёфтаанд.

Ба гузориши “Спутник”, дар даврони Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва ба вижа кӯҳистонҳои Бадахшон садҳо маъдани лаъл, зумуррад, фирӯза, ақиқ ва лоҷувард шиносоӣ ва истихроҷи ин сангҳо оғоз шуда буд, ки бо ҷанги дохилии даҳаи 1990 амалан ин кор мутаваққиф шуд.

Бар асос ин гузориш, бо вуҷуди шӯҳрати корхонаи “Рухом” дар заминаи истихроҷ ва тавлиди беш аз 70 навъ санги зинатӣ дар Тоҷикистон, маҳсулоти ин марказ дар дохили кишвар ба фурӯш мерасад ва дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносибе пайдо накардааст.

Яке аз мушкилоти умда дар роҳи таблиғи анвои сангҳои зинатии Тоҷикистон хориҷ кардани ин маҳсул аз кишвар аст.

Гардишгарони хориҷӣ ҳангоми хориҷ кардани сангҳои қимат аз Тоҷикистон бояд қабз (чек)-и харид, маблағи пардохтшуда ва нишонии маркази фурӯшро дар гумрук ва марзбонӣ ироа диҳанд.

 “Спутник” бо ишора ба ифтитоҳи маркази фурӯши сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон дар Маскав овардааст: “Барои густариши ин навъ марокиз дар Русия ва дигар кишварҳо бояд барномарезӣ шавад ва муаррифии ин сангҳои арзишманд низ аз тариқи интернет ва таблиғоти телевизионӣ ба ҳадафи бозорёбии ин маҳсулот иқдом муҳиме хоҳад буд”.