Сентябр 04, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои шодбоши идонаи мақомоти баландпояи Эрону Тоҷикистон

Мақомҳои баландпояи Эрону Тоҷикистон дар паёмҳое фаро расидани иди саиди Қурбонро ба якдигар табрик гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, оқоён Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳур ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо ирсоли паёмҳои табрикии ҷудогонае фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Дар паёми табрикии Рӯҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ шудааст, бо талоши дубораи тамомии давлатҳову андешмандони кишварҳои исломӣ, сулҳу оромиш ба кишварҳои исломӣ бозгардад, хушунат, ҷангу терроризм, ки мероси қудратмандон барои мазлумони манотиқи буҳронзада аст, аз кишварҳои исломӣ задуда шавад ва чеҳраи зебои Исломи Муҳаммадӣ (с), ки дини раҳмат, сулҳ, тафоҳум ва ҳамзистии мусолиматомез аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.

Лориҷонӣ низ дар паёмҳои табрикии худ ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳдофи аслии ҳаҷро эҷоди тафоҳум, таҳкими бародарӣ ва дурӣ аз ихтилоф байни муслимин дониставу бар зарурати тақвияти фазои гуфтумони муассиру созанда байни порлумонҳои кишварҳои исломӣ барои ҳалли буҳронҳои минтақаӣ ва мубориза бо ифротгароиву терроризм таъкид кардааст.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар паёмҳои табрикии худ ба Қоҳир Расулзода ва Сироҷиддин Аслов ибрози умедворӣ кардааст, сулҳ, оромиш, амнияту бародарӣ дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ва миёни ҳамаи пайравони адёни илоҳӣ ҳоким шавад ва осори ҷанг, хушунат ва терроризм аз миён биравад.

 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ирсоли паёмҳои табрикии ҷудогонае фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамтоёни эронии худ ва мардуми ин кишвар табрик гуфтанд.

Дар паёми Раҳмон ба Рӯҳонӣ изҳори умедворӣ шудааст, муносиботи суннатии дӯстонаву ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳамаи абъод бар асоси манофеи ду миллат дар оянда тавсеа ёбад.

Аслов низ дар паёми табрикии худ ба Зариф ибрози умедворӣ кардааст, равобити дӯстонаву бародарона миёни Эрону Тоҷикистон дар оянда густариш ёбад.