Сентябр 05, 2017 09:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 40 узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Манобеи мустақил аз боздошти 40 нафар аз аъзои собиқи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар ду ҳафтаи ахир дар қаламрави вилояти Суғд хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин афрод ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “салафия” дар ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара ва Истаравшан боздошт шудаанд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки 17 нафар аз боздоштшудагон сокинони ноҳияи Ашт,15 нафар аз ноҳияи Истаравшан ва бақия сокинони навоҳии Бобоҷон Ғафуров ва Исфара ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки дар миёни боздоштшудагон дар ноҳияи Ашт номи бародари хурдии Абдуманнон Шералиев, фаъоли сиёсӣ ва расонаии машҳури тоҷик низ мушоҳида мешавад.

Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои гузашта дар ноҳияи Ашт аз пойгоҳи иҷтимоии густурдае бархурдор буд.

 Фаъолияти гурӯҳи “салафия” дар қаламрави Тоҷикистон бар асоси ҳукми Додгоҳи Олии ин кишвар аз соли 2009 мамнуъ шудааст.

 

Барчасп