Оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлон
(last modified Wed, 06 Sep 2017 03:45:53 GMT )
Сентябр 06, 2017 08:45 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи Панҷ дар вилояти Хатлон

40 адад мағоза бар асари оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи марзии Панҷ дар вилояти Хатлон, комилан тахриб шуд.

Ба гузориши сойти “Азия плюс”, мақомоти идораи оташнишонии ноҳияи Панҷ гуфтаанд, ки ин оташсӯзӣ дар бозор ин минтақа, соати 6 субҳи рӯзи душанбе (5 сентябр) рух дод, ки бар асари он, 40 адад дукони туъмаи оташ шуд.

Рухшод Қаландаров, корманди идораи сӯхторнишонии ноҳияи Панҷ таъкид кард, ба маҳзи дарёфти хабари вуқуи оташсӯзӣ дар бозор ин ноҳия, гурӯҳҳои оташнишонон ба ин марказ эъзом шуданд ва пас аз талоши зиёд тавонистанд, оташро дар ин бозор хомӯш кунанд.

Вай гуфтааст, ба назар мерасад, аксари фурушандагони дуконҳое, ки дучор оташсӯзӣ шудаанд, ба фурӯши зарфҳо плостикӣ машғул будаанд, ки мӯҷиби интишор сареъи шӯълаҳои оташ шудааст.

Ин мақоми идораи оташнишонии ноҳияи Панҷ гуфт, комиссияи вижае акнун саргарми баррасии иллати оташсӯзӣ дар бозори ноҳияи Панҷ аст, ки пас аз таҳқиқи коршиносон, иллати вуқуъи ин ҳодиса эълом хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 3 июл дар як сӯхтори дигар дар бозори "Корвон” – бузургтарин бозори шаҳри Душанбе – беш аз 200 соҳибкор зарар диданд. Сӯхтор 185 дӯкони воқеъ дар даромадгоҳҳои 6 ва 7-уми ин бозорро ба коми худ фурӯ бурд.

Ҳамчунин бар асари оташсӯзии бузурге, ки дар рӯзи 31 майи имсол дар ду бозори маркази ноҳияи Фархор рух дод ва тақрибан ҳамаи мағозаҳои он аз байн рафт.

Шомгоҳи 23 июн соли ҷорӣ низ чанд дукон бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт, аммо оташнишонҳо тавонистанд дар он ҷо аз густариши оташ пешгирӣ кунанд