Сентябр 06, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хостори афзоиши теъдоди муаллимони русӣ дар ин кишвар шудааст

Бо эъзоми нахустин гурӯҳи 30 нафарӣ аз муаллимони Русия, ки барои тадрис дар мактабҳои русзабон ба Тоҷикистон омадаанд, корманди аршади Вазорати омӯзиш ва улуми Русия аз дархости Душанбе барои афзоиши теъдоди ин омӯзгорон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сойти “Спутник”, Игор Шаповалов гуфтааст, ки муддати фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон як сол аст, ки дар оянда бо ризояти тарафҳо имкони тамдиди ин созишнома вуҷуд дорад.

Вай таъкид кардааст, ки бо гузашти наздик ба 1 ҳафта аз оғози соли таҳсилии ҷадид дар мактабҳои  Тоҷикистон, мақомоти Вазорати омӯзиш ва улуми ин кишвар хостори афзоиши теъдоди муаллимони русӣ дар мактабҳои русзабони ин ҷумҳурӣ шудаанд. Бар асоси барномаи Вазорати омӯзиш ва улуми Русия ин афрод ба дархости расмии давлати Тоҷикистон барои тадриси чанд ришта ба забони русӣ ба ин кишвар эъзом шуданд, ки дар мактабҳои русзабон фаъолияти худро оғоз карданд. Акнун ин омӯзгорон дар мактабҳои русзабон Тоҷикистон ба донишомӯзон аз риштаҳои физик, химия, фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ва зистшиносӣ тадрис мекунанд.

Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мадориси русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳнагии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад. Русия қабл аз оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ба ин кишвар 60 ҳазор ҷилд, китоби дарсӣ фиристод.

 

Барчасп