Сентябр 07, 2017 09:10 Asia/Dushanbe
  • Паёмакҳои таблиғотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон барои либоси миллӣ

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли номаи расмӣ ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар ин ҷумҳурӣ, пахши паёмак дар бораи зарурати эҳтироми бонувон ба либоси миллии тоҷикиро хостор шуданд.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, мақомоти ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон бо таъйиди дарёфти ин дархост гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.

 Онон эълом кардаанд, ки дар номаи расмии масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дархост шудааст, ки ба муштариён паёмакҳое ҳамчун “риояти либоси миллӣ ҳатмӣ аст”, “либоси миллиро эҳтиром бояд кард” ва “биёед либоси миллии худро ба суннати писандида табдил кунем” ирсол гардад.

Акмал Олимзода, як намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия плюс” гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом таблиғи либос ва фарҳанги миллӣ миёни бонувони тоҷик ва даъват аз онон барои худдорӣ аз пӯшидани либосҳои бегона аст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфта буд, танҳо тайи 10 рӯзи фаъолияти коргурӯҳҳои вижаи таблиғи фарҳанги миллии бонувони тоҷик дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо беш аз ҳашт ҳазор бонуи боҳиҷоб гуфтугӯ карда ва аз онон хостаанд, ки аз либоси бегона даст бикашанд.

Коршиносон мегӯянд, мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон либосҳои даврони Шӯравиро ба унвони фарҳанги миллии тоҷикҳо матраҳ мекунанд ва ин либосҳо бо чорчӯби пӯшиши занон дар Ислом мунофот дорад.