Мусалмон шудани муҷрии машҳури телевизиони Русия ва издивоҷаш бо ҷавони тоҷик
Муҷрии машҳури телевизиони вилояти Владимири Русия бо издивоҷ бо як ҷавони тоҷик ва ташарруф ба дини Ислом, ном ва номи хонаводагиашро тағйир додааст.
Ба гузориши “Спутник”, Светлана Устинова бо издивоҷ бо Довуд Аминов, мутахассиси фаннии ҳавопаймо ва шаҳрванди Тоҷикистон, бо тағйири номи худ ба Шамсия ва гароиш ба дини Ислом, номи хонаводагиашро ба Аминова табдил кардааст.
Маросими издивоҷи Довуд ва Шамсия бо ҳузури падари домод ва намояндагони созмонҳои коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ ахиран ба тариқи исломӣ баргузор шуда ва имомхатиби масҷиди мусалмонони минтақа ва намояндаи Шӯрои муфтиёти Русия бо хондани хутбаи ақди никоҳи ин ду, гувоҳиномаи издивоҷи ононро содир кардааст.
Шамсия Аминова мегӯяд, дар бораи тоҷикон ба унвони яке аз ақвоми эронӣ зиёд шунида ва пас аз ошноӣ бо Довуд, бо одобу русуми онон бештар ошно шудааст.
Вай таъкид кардааст, ки дар ибтидо талаффузи калимоти арабӣ барои хондани намоз барояш мушкил буд, аммо бо кӯмаки шавҳараш акнун намозро омӯхта ва бо калимоти арабӣ низ бештар унс мегирад.
Хонум Аминова гуфтааст, ки дар сафар ба Тоҷикистон бо одобу русуми мардуми ин кишвар ва вижагиҳои дини Ислом бештар ошно хоҳад шуд. Вай аз тоҷикон ба унвони ягона мардуми соҳибтамаддун ва ориёиасл бо таърихи беш аз ҳазорсолаҳо дар ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо эрониён фарҳанги муштараку қадимӣ доранд, ёд кардааст.
Мусалмон шудани муҷрии машҳури телевизиони Русия ва издивоҷаш бо ҷавони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарии русизабон бо вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шуда ва аксар корбарон барои онон орзӯи хушбахтӣ кардаанд.