Гулмурод Ҳалимов дар Дайр-уз-зур ба ҳалокат расид
Дар пайи ҳамалоти ҷангандаҳои рус ба Дайр-уз-зур Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги тоҷикистонии гурӯҳи террористии ДИИШ ва яке аз амирони ин гурӯҳи террористӣ кушта шуд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, дар ҷараёни ҳамалоти ҷангандаҳои рус Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанг ва Абумуҳаммад аш-Шумолӣ, амири ДИИШ дар Дайр-уз-зур ҳамроҳи 40 террористи диишии дигар кушта шуданд.
Хабаргузории “Спутник” гузориш дод, ки бар асоси иттилооти дарёфтӣ аз пойгоҳи “Ҳумайм”-и Сурия, ду ҷангандаи СУ-34 ва 35-и Русия бо бомбаҳои сангаршикан мавозеи ДИИШ-ро дар Дайр-уз-зур ҳадаф қарор доданд. Дар ин бомбборон як маркази фармондеҳии ДИИШ, ки дар зери замин қарор дошт ва як маркази иртиботии ин гурӯҳ мунҳадим шуд. Ин ҳамла дар аснои нишасти саркардаҳои ДИИШ сурат гирифта ва вазири ҷанги ин гурӯҳ низ он ҷо ҳузур дошта, ки бар асари шиддати ҷароҳат аз пой даромадааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарро таъйид накардааст.