Сентябр 10, 2017 08:49 Asia/Dushanbe
  • Ояндаи номаълуми дафтари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон

Ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бораи ҳуқуқи башар дар ҳоле аз 11 то 21-уми сентябр дар Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешавад, ки матбуоти давлатии Тоҷикистон мавзӯи эҳтимоли баста шудани дафтари ин созмонро дар Тоҷикистон матраҳ мекунанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Маҳмудҷон Файзраҳмонов гуфтааст, ки ин ҳизб барои ширкат дар нишасти САҲА дархости расмӣ ироа кардаву қасд дорад ҷудо аз ҳамоиши аслӣ, нишасти вижаеро дар бораи авзои зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон баргузор кунад .

Вай таъкид кардааст, ки дар ин ҳамоиш бархе аз масъулони Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт, аммо дар бораи ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб дар ҳамоиши ҳуқуқи башари САҲА дар рӯзҳои 11 то 21-уми сентябри имсол дар Варшаваи Лаҳистон ҳанӯз тасмим гирифта нашудааст.

Ба таври ҳамзамон чанд расонаи давлатӣ, аз ҷумла хабаргузории “Ховар” ба САҲА ҳушдор додаанд, ки ба далели маҳдуд шудани фаъолияти дафтари намояндагӣ дар Тоҷикистон акнун бояд паёмҳои сиёсии давлати Душанберо дуруст дарк кунад то ояндаи ҳузури ин созмон дар Тоҷикистон бо хатар рӯбарӯ нашавад.

Низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва САҲА бар сари ҳузуру суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Лаҳистон дар моҳи сентябри соли 2016 боиси маҳдуд шудани фаъолияти дафтари марказии ин созмон ва таътилии фаъолияти панҷ дафтари минтақаии он дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шуд.