Сентябр 10, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Такмили парвандаи бастагони Гулмурод Ҳалимов дар Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи бастагони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи ин кишварро такмил ва барои баргузории муҳокимаи онон ба Додгоҳи олии ин ҷумҳурӣ ирсол кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи се нафар аз бастагони Гулмурод Ҳалимов иттиҳомҳои талош барои убури ғайриқонунии марз, ҷазби афрод ба гурӯҳҳои террористӣ ва муқовимат дар баробари нерӯҳои интизомӣ ҳангоми боздоштро матраҳ кардаанд.

Се бародари Гулмурод Ҳалимов ба исмҳои Комил, Назир ва Алӣ шаби панҷуми июли имсол, ҳангоми талош барои рафтан ба сӯйи марзи Афғонистон, дар қаламрави ноҳияи Восеи вилояти Хатлон боздошт шуда буданд, аммо чаҳор нафари дигар, аз ҷумла Султонмурод ва Фозил, ду бародари дигари Гулмурод Ҳалимов ва ду нафар аз бастагони наздики вай ба номҳои Афзал Абдурашидов ва Наим Раҳмонов дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Ахиран Вазорати дифои Русия дар бораи кушта ё ба шиддат захмӣ шудани Гулмурод, вазири ҷанги тоҷикистонии гурӯҳи террористии ДИИШ хабаре мунташир кард, ки гуфта мешавад дар ҳамалоти ҷангандаҳои русӣ ба Дайр-уз-Зӯри Сурия иттифоқ афтодааст.

Манобеи расмӣ, аз ҷумла Вазорати дохилаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар ин маврид дар ҳоли таҳқиқ аст.

Полковник Гулмурод Ҳалимови 42 сола, фармондеҳи пешини Нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон охирҳои апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори видеое дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.