Сентябр 10, 2017 12:47 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархости почтаи байналмилалиро рад кард

Хадамоти давлати алоқаи Тоҷикистон дархости ширкати почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабти ном дар ин кишвар рад кард.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки мадорики ширкати почтаи байналмилалии DHL барои сабти ном ва фаъолият дар ин кишвар ноқис аст.

Дар ҳоле, ки аз се моҳ қабл фаъолияти чанд созмони почтаи байналмилалӣ ва хориҷие монанди DHL, TNT, UPS ва Pony Express дар Тоҷикистон ба муддати номушаххасе таътил шуда ва бар дари идораи созмони почтаи байналмилалии  DHL дар шаҳри Душанбе қуфл зада шудааст.

 Ҷонибик Додомуҳаммадов, мудири яке аз бахшҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иллати сабти ном нашудани созмонҳо ва ширкатҳои байналмилалии почта дар ин кишварро сирфан ноқис будани мадорик ва асноди ин созмонҳо медонад.

 Масъулони ширкати “Почтаи Тоҷик” мегӯянд, дар пайи мутаваққиф шудани фаъолияти созмонҳои почтаи байналмилалӣ ва хориҷие назири DHL, TNT, UPS ва Pony Express дар ин кишвар мизони даромади молии ширкати тоҷикистонӣ ба унвони танҳо ироадиҳандаи хадамоти почта афзоиш ёфтааст.

 Коршиносон бар ин боваранд, иллати ба тавофуқ нарасидани Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо чанд созмони почтаи байналмилалӣ ва хориҷӣ шарти Душанбе аст.

 Хадамоти “Почтаи Тоҷик” мегӯяд, бояд номаҳо ва муросилоти дарёфтӣ аз хориҷро худ ба мардуми ин кишвар бирасонад ва баракс ҳар хел нома ва бастаи ирсолӣ ба хориҷро низ ибтидо пазириш кунад ва танҳо фиристодани ин бастаҳо бо ширкатҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ бошад, аммо созмонҳои почтаи байналмилалӣ ин шартро ғайриқобили пазириш медонанд.