Сентябр 11, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Варшава; Мавзӯи кашмакаш миёни Душанбе ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо

Қасди мухолифони сиёсии тоҷик барои истифода аз нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи башар, ки аз 11 то 21 сентябр дар Варшаваи Полша баргузор мешавад, ба мавзӯи кашмакаш миёни Душанбе ва ин созмон табдил шудааст.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон талош мекунанд, ки дар ин нишаст мавзӯи зиндониёни сиёсӣ, идомаи боздошт, таъқиби аъзо ва фишор бар хонаводаҳои онон дар дохили кишварро матраҳ кунанд.

Дар остонаи ифттитоҳи ин нишаст, хабаргузории давлатии “Ховар” ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи майдон додан ба мухолифони тоҷик ҳушдор додааст.

Дар сойти хабаргузории “Ховар” омадааст: «Маълум мешавад, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ҳаводиси соли 2016 дарси ибрат нагирифтааст ва агар имсол низ муносибати худро бо “созмони ифротӣ ва террористӣ”-и Ҳизби наҳзати исломӣ тағйир надиҳад, бояд дар интизори таътилии дафтари хеш дар Тоҷикистон бошад».

Дар ҳамин ҳол, Неъматуллоҳ Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бояд ҷониби эҳтиётро муроот кунад, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон низ бояд тавре амал кунанд, ки мӯҷиби бурузи ихтилоф дар равобити ин кишвар бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ нагардад.

Низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бар сари ҳузур ва суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Полша дар моҳи сентябри соли 2016 мӯҷиби маҳдуд шудани фаъолияти дафтари марказии ин созмон ва таътилии фаъолияти панҷ дафтари минтақаии он дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон шуд.