Сентябр 12, 2017 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намояндагии ду ширкати ӯзбакистонӣ дар Тоҷикистон

Дафтари намояндагии ду ширкати ӯзбакистонӣ бо ҳадафи афзоиши содироти маҳсулоти тавлидии ин кишвар дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сандуқи ҳимоят аз содиркунандагон ва фаъолияти бахши хусусӣ ва ширкати “Ӯзтрейд”-и  Ӯзбакистон бо ҳадафи содироти маҳсулоти тавлидии худ ахиран дафтарҳои намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ карданд.

Бар асоси тавофуқ бо тарафи Тоҷикистон, ширкатҳои ӯзбакистонӣ ба ин кишвар масолеҳи сохтмонӣ, пашми шиша (стекловат), анвои рангҳову часп (клей) содир хоҳанд кард.

Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки арзиши қарордоди имзошуда миёни ширкатҳои ӯзбакистонӣ ва тоҷикистонӣ дар заминаи воридоти ин масолеҳ беш аз 1 миллион доллар аст.

Ҳамчунин тавофуқ шудааст, ширкатҳои ӯзбакистонӣ барои афзоиши содироти масолеҳи сохтмонии мавриди ниёзи бахши сохтусози Тоҷикистон бо тарафҳои тоҷик музокира кунанд ва ҳузури худро дар бозори дохилии ин кишвар пуррангтар намоянд.

Равобити иқтисодиву тиҷории Ӯзбакистон ва Тоҷикистон пас аз рӯйи кор омадани давлати ҷадид ба раёсати Шавкат Мирзиёев дар Тошканд дар авохири соли 2016 аз ҳолати рукуд хориҷ шуд. Зеро дар соли 2000-ум мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвар 500 миллион доллар буд, ки дар соли 2015 ба 12 миллион доллар коҳиш ёфт. Аммо танҳо тайи шаш моҳи нахусти имсол ин шохис ба 250 миллион доллар расидааст.