Зиндониёни ҲНИТ -  мавзӯи нишасти Варшава
(last modified 2017-09-12T15:37:12+00:00 )
Сентябр 12, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Зиндониёни ҲНИТ -  мавзӯи нишасти Варшава

Сухангӯи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, мавзӯи зиндониёни ин ҳизб дар ҳошияи ҳамоиши ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшаваи Лаҳистон дар қолаби мизи гирд баррасӣ шудааст.

Ба гузориши сойти “Вароруд”, Маҳмудҷон Файзраҳмонов гуфт, дар ин нишаст Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳизби мамнӯъшуда дар Тоҷикистон садои Абдулазиз Ҷалов, аз мақомоти амниятии Тоҷикистонро, ки дар моҳи октябри соли 2015 аз вазифа барканор шудааст, пахш кард. Ин мақоми амниятӣ  таъкид мекард, ҲНИТ бо табаддулоти генерал Назарзода иртиботе надорад. Маҳмудҷон Файзраҳмонов афзуд, садое, ки аз Ҷалов пахш шуд, марбут ба муҳокимаи додгоҳии 13 узви Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Сухангӯи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ин мақоми амнияти тоҷик дар ин ҷаласа дар посух ба пурсиши Абдулқаҳҳори Давлат, масъули равобити хориҷии Ҳизби  наҳзат гуфта буд, ки “ман ба унвони як шаҳрванд ва на муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯям, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба ин ҳодиса иртибот надорад”. Файзраҳмонов гуфт, Кабирӣ ҳамчунин таъкид кард, ду созмони мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалии “Freedom Now” ва “Hogan Lovells” дархости Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамроҳ бо парвандаи ӯ дар ҳаҷми 78 сафҳа ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ирсол кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи сешанбе барои ширкат дар ҳамоиши ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо вориди Варшава шуд.