Душанбе. Ҳанӯз аз ду хоҳари гумшуда хабаре нест
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23071-Душанбе._Ҳанӯз_аз_ду_хоҳари_гумшуда_хабаре_нест
Бо гузашти се рӯз аз нопадид шудани ду хоҳари навҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳанӯз аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 15, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
  • Душанбе. Ҳанӯз аз ду хоҳари гумшуда хабаре нест

Бо гузашти се рӯз аз нопадид шудани ду хоҳари навҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳанӯз аз сарнавишти онҳо хабаре дар даст нест.

Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, ин хоҳарон, Аниса ва Мадина Ашӯроваҳо дар масири ҳаракат ба мактаб нопадид шуда, ба гуфтаи модарашон Хосият Муҳтоҷова, танҳо як бор садои онҳоро аз тариқи телефон ва шумораи ношинос шунидаанд, ки имдодхоҳона "оча ҷон" гуфтанду садо қатъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом карда, ки амалиёти ҷустуҷӯ барои пайдо кардани Анисаи 16-сола ва Мадинаи 13-сола идома дорад, аммо ҳанӯз талоши мақомот ҳеҷ натиҷае надодааст.

Тайи солҳои ахир чандин маврид аз нопадид шудани духтарони хурдсолу навҷавон дар Тоҷикистон расонаӣ шуда, ки пурсарусадотарини ин ҳаводис нопадид шудани Малика ва Сабина Араловаҳо, ду хоҳари хурдсоли сокини шаҳри Душанбе буд. Ин ду хоҳар бо гузашти 4,5 сол ҳанӯз пайдо нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бастагони Аниса ва Мадина Ашӯроваҳо аз умуми мардуми Тоҷикистон хостаанд, ки дар сурати касби ҳар гуна иттилое аз сарнавишти ин ду хоҳар бо шумораи (+992) 904061606  дар тамос шаванд.