Сентябр 16, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Ифтиттоҳи дабирхонаи марзбонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон

Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, аз ифтиттоҳи Дабирхонаи байналмилалии мудирияти марзӣ ва амниятии ин созмон, барои мудирияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар шаҳри Душанбе хабар дод

Ба гузориши хабаргузории "Форс" , дар маросими ифтиттоҳи ин дабирхона, намояндагони дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ва созмонҳои давлатии Тоҷикистон ширкат карданд.

Ин дабирхона як созмони ҳамоҳангкунандаи муташаккил аз 16 бахш аст, ки дар чорчӯби роҳбурди миллии мудирияти марзии Тоҷикистон, фаъолият хоҳад кард.

Мансур Умров, муовини аввали Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, пас аз ифтиттоҳи ин дабирхона гуфт, Тоҷикистон ҳамвора бо таҳдидоти фаромиллӣ, монанди терроризм ва амнияти нопойдор, бавижа дар марзҳои ҷанубиаш бо Афғонистон рӯбарӯ аст, аз ин рӯ, ба чунин сохторе ниёз дорад.

Умров афзуд, вазифаи аслии ин дабирхона ҳамоҳангкардани тамоми сохторҳои даргир дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст.

Туула Юрёла- раиси дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, низ гуфт, ин дабирхонаи байналмилалӣ бо дархости мақомоти Тоҷикистон метавонад, дар ҳамаи ҳолат ба таҳдидоти фаромиллӣ дар марзҳои ин кишвар посухи сареъ ироа кунад.

Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз лиҳози фаннӣ барои таҷҳизи сохтумони идории ин дабирхона ва омӯзиши кормандони он, кумак хоҳад кард.