Тамоюли сармоягузорни чинӣ барои рушди бахши гардишгарӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Mon, 18 Sep 2017 03:42:05 GMT )
Сентябр 18, 2017 08:42 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли сармоягузорни чинӣ барои рушди бахши гардишгарӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон

Сармоягузорони чинӣ, ки ахиран дар ҳамоиши соҳибкорон ва сармоягузорон "Помиринвест 2017" дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ширкат кардаанд, аз тамоюли хеш барои кӯмак ба бахшҳои гардишгарӣ ва рушди саноати коркарди маъданҳо дар ин минтақа хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “Спутник”, Нилуфар Асламшоева - сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон гуфтааст, ки Шодихон Ҷамшед, раиси ин вилоят дар дидор бо ҳайати чинии ширкаткунанда дар ин нишаст, дар бораи зарурати ҷазби сармояи бахши ихусусии ин кишвар барои рушди гардишгарӣ ва сохти корхонаҳои муштараки истихроҷ ва коркарди маъдан ва сангҳои гаронбаҳо дар ин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон таъкид кардааст.

Бар асоси бароварди маъданшиносон дар кӯҳистонҳои Бадахшон, садҳо маъдани лаъл, зумуррад, фирӯза, ақиқ ва лоҷвард шиносоӣ ва истихроҷи ин сангҳо дар даврони Шӯравӣ оғоз шуда буд, ки бо ҷанги дохилии даҳаи 1990 амалан ин кор мутавақиф шуд. Акнун мақомоти вилояти Бадахшон талош мекунанд, ки бо ҷазби сармояи хориҷӣ бо рушди дубораи ин санъат, зерсохтҳои гардишгариро низ тавсиа диҳанд.

Сармоягузорони чинӣ низ бо истиқбол аз тарҳҳои ироашуда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъдан аз омодагии хеш бо ҳадафи кӯмак ба бахши гардишгарии вилояти Бадахшон хабар додаанд.

Ба далели комилан кӯҳистонӣ будани қаламрави вилояти Бадахшон, ин минтақа аз зарфиятҳои фаровоне барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ бархӯрдор мебошад.