Сентябр 18, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Додситонии кулли Тоҷикистон барои дарёфти шикоёти бонувони боҳиҷоб

Додситонии кулли Тоҷикистон омода аст то шикояти бонувони боҳиҷобро, ки ба хотири доштани ҳиҷоб ҷарима шудаанд дарёфт ва баррасӣ кунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кардааст, бонувони тоҷик, ки ба хотири доштани ҳиҷоби исломӣ аз сӯйи кормандони идороти ҳукуматӣ ҷарима шудаанд, метавонанд шикояти худро дар қиболи рафтори ин афрод ба ниҳодҳои додситонӣ ирсол кунанд.

 Як корманди масъули Додситонии кулли Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ таъкид кардааст, ки дар Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, ки ахиран дар Парлумон ин кишвар ислоҳ ва тасвиб шуд, ҳеҷ ҷаримае барои истифода аз либоси ғайримиллӣ таъйин нашуда ва дарёфти ҷаримаҳои молӣ дар ин замина ғайриқонунӣ аст.

Бар ин асос он идда аз бонувоне, ки аз сӯйи коргурӯҳи вижаи таблиғи либосҳои миллӣ ҷаримаи молӣ шудаанд, метавонанд бо дар даст доштани қабзи пардохти ҷарима ба ниҳодҳои додситонӣ муроҷиа кунанд.