Равобити Тоҷикистон ва СММ меҳвари ройзании Раҳмон ва Гутерреш
(last modified Tue, 19 Sep 2017 08:08:03 GMT )
Сентябр 19, 2017 13:08 Asia/Dushanbe
  • Равобити Тоҷикистон ва СММ меҳвари ройзании Раҳмон ва Гутерреш

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳафтодудувумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню-Йорк бо дабири кулли ин созмон дидор кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бо ишора ба сафари дабири кулли Созмони Милал ба Тоҷикистон дар моҳҳои ахир гуфт, ин сафар боиси тақвият ва густариши бештари таомулоти Душанбе бо ниҳодҳои мухталифи СММ ва шиносоии аввлавиятҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ин созмон шуд.

Раҳмон нақши СММ дар дастёбӣ ба созиш миёни давлатҳо ва мардуми ҷаҳон барои сулҳу субот ва рушди пойдорро таъсиргузор арзёбӣ ва таъкид кард, дар ҳамин замина Тоҷикистон ҳамкории густурдаи худро бо СММ ва ниҳодҳои вижаи он дар оянда низ идома хоҳад дод.

 Дабири кулли Созмони Милал низ дар ин дидор аз нақши Тоҷикистон дар иҷрои барномаи оби СММ ва ҳамчунин тарвиҷу таблиғи мудирияти ҳушмандонаи ин манбаи ҳаётӣ таҷлил кард.

Иҷрои амалии ибтикори ҷадиди Тоҷикистон бо унвони “Об барои тавсеаи пойдор барои солҳои 2018-2028” , таъмини амнияти энержӣ, тавсеаи муназзами энержии обӣ дар Тоҷикистон ва тарҳи минтақаии КАСА – 1000 аз мавзӯоти ин дидор буд.

Барқарории сулҳу субот дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ низ аз дигар масоиле буд, ки дар дидори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва дабири кулли СММ баррасӣ шуд.