Холмуродзода ба 15 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, раиси собиқи раёсати тафтишотии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишварро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, манобеи Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин додгоҳ, ахиран, Фирӯз Холмуродзодаро ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯистифода аз симмати давлатӣ ба 15 соли зиндон ва мусодираи амволу дороӣ маҳкум кардааст. Ҳамчунин Холмуродзода наметавонд пас аз гузарондани давраи маҳкумияташ ба муддати панҷ сол дар симматҳои давлатӣ фаъолият кунад. Бар асоси ин ҳукм, ҳамчунин Амиршоҳ Султонзода, мудири пешини раёсати тафтишотии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Ин додгоҳ Қосим Саидзода, масъули идораи мубориза бо фасоди молӣ дар бахши ҳамлу нақли Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистонро низ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст. Қаблан намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои Фирӯз Холмуродзода 17 сол, барои Амиршоҳ Султонзода 12 сол ва барои Қосим Саидзода 7 соли зиндон дархост карда буд.
Муҳокимаи 10 корманди боздоштшудаи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 19-уми июли имсол оғоз шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон пештар Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси гумруки Хуҷанд ва корманди собиқи ин ожонсро ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯистифода аз симмати давлатӣ ба 10 солу шаш моҳи зиндон маҳкум карда буд.