Сентябр 20, 2017 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ниёзи Тоҷикистон ба 2 миллиард $ барои ҳалли мушкили оби ошомидании тоза

Бонки Ҷаҳонӣ мушкили оби ошомидании тоза дар Тоҷикистонро дар як пажӯҳиш номбар кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, натиҷаҳои як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки кайфияти оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон хеле пойин  аст ва дар таркиби об вирусҳои мухталифе вуҷуд дорад.

Бар асоси ин пажӯҳиш, барои ҳалли мушкили оби ошомидании тоза давлати Тоҷикистон ниёзманди ҷазби ҳудуди 2 миллиард доллар сармояи молӣ аст.  

Бар пояи ин пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ, ки натиҷаҳои он рӯзи 20-уми сентябр дар дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ бо ширкати мақомоти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе дар ихтиёри расонаҳо қарор дода шуд, танҳо 58 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон ба оби ошомидании тоза дастрасӣ доштаанд.

Ин пажӯҳиш ҳамчунин меафзояд, дастрасӣ ба оби ошомидании тоза дар шаҳрҳо 80 дарсад ва дар деҳот 47 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва манобеи асосии оби тоза дар ин минтақаро дар ихтиёр дорад.   

Мавзӯи дастрасӣ ба оби тоза дар тӯли тамоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон як мушкили умда қаламдод мешавад ва бо ибтикори Тоҷикистон Созмони Милал солҳои 2005-2015 –ро Даҳсолаи Об барои ҳаёт ва дар идома солҳои 2018 то 2028-ро Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор эълом кардааст то аз ин тариқ имкони ҷазби сармоя барои таъмини ниёзи мардум бо оби ошомидании тоза пайдо шавад.

 

Барчасп