Сентябр 21, 2017 08:50 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муддати фаъолияти ширкати эронӣ дар сохти нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон муддати фаъолияти ширкати хадамоти муҳандисии эронии “Умрон Морун”-ро дар тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи обии Роғун то моҳи апрели соли 2019 тамдид кард.

Ба гузориши сайти “Озодагон”, мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон, ки ахиран ба имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар расид, муддати фаъолияту истифода аз таҷҳизотеро, ки ширкати хадамоти муҳандисии “Умрон Морун” аз Ҷумҳурии исломии Эрон барои такмили сохти нерӯгоҳи обии Роғун ворид кардааст, то 30-юми апрели соли 2019 тамдид мекунад.

Дар ин мусавваба ба Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки бар раванди воридоти таҷҳизоти мавриди ниёзи ширкати хадамоти муҳандисии эронии “Умрон Морун” назорат дошта бошад.

Бар асоси мусавваботи ҳукумати Тоҷикистон тамоми таҷҳизоту масолеҳе, ки барои сохти нерӯгоҳи обии Роғун аз хориҷ ворид мешавад, аз муофияти гумрукӣ ва озод шудан аз боҷсупорӣ бархурдор аст.

Сохти нерӯгоҳи обии Роғун дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970-и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ин тарҳ ҳанӯз такмил нашудааст.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлидии 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ- обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.