Сентябр 21, 2017 17:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нахуствазири Канада

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо нахуствазири Канада дидор ва бар густариши ҳамкориҳои Душанбе ва Торонто дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон кӯмакҳои Торонто  ба Тоҷикистонро дар заминаи тақвияти ниҳодҳои интизомӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳимоят аз фаъолияти муассисаи омӯзиши марзбони Созмони амният ва ҳамкори Аврупо ва низ ширкати коршиносони канадаӣ дар иҷрои тарҳҳои муҳим барои Душанбе ва Кобулро муассир арзёбӣ кард.

Дар ин дидор ду тараф дар бораи тақвияти муносиботи ду ҷониба дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, энержӣ, ҳамлу нақл, фанновариҳои кишоварзӣ, амният ва мудирияти марз баҳсу табодули назар карданд.

Дар поёни ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада барои сафар ба Душанбе даъват кард.

Барчасп