Сентябр 22, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо намояндагони маҳофили тиҷории Амрико дар Ню-Йорк

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндагони маҳофили тиҷории Амрико гуфт, тайи ду соли ахир давлати Душанбе бо ҳадафи мутобиқ кардани барномаҳои иқтисодии кишвар бо меъёрҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ беш аз 100 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 40 қонуни ҷадид ба тасвиб расонд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта, 21-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо намояндагони маҳофили тиҷории Амрико дидор ва аз онҳо даъват кард, ки дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони маҳофили тиҷории Амрико изҳор дошт, иқтисоди Тоҷикистон ба таври комил шиносоӣ нашудааст ва имконоти зиёде барои роҳандозии фаъолиятҳои тиҷорию сармоягузорӣ дорад. Ӯ дар идома бо таъкид ба ин ки давлати Душанбе барои беҳбуди фазои сармоягузорию тиҷорӣ дар ин кишвар тадобири лозимро дар даст гирифтааст, афзуд, Тоҷикистон дар ростои тавсеаи тиҷорату иқтисоди худ қавонини ин кишварро ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор карда, дар он кафолати ҳимоят аз сармоягузорони хориҷиро додааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, танҳо тайи ду соли ахир Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи мутобиқ кардани барномаҳои иқтисодии кишвар бо меъёрҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ беш аз 100 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 40 қонуни ҷадид ба тасвиб расонд.

Раҳмон бо ишора ба ин ки Тоҷикистон бо ҳадафи суҳулати сафари тоҷирони хориҷӣ ба ин кишвар “сармоягузорӣ» - як навъи махсуси раводидеро роҳандозӣ кард, афзуд, ҳамзамон Душанбе барои ҷалби тоҷирон тақрибан 240 навъи коҳиши молиётӣ ва 70 шакли дигари алоқаманд кардани сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон идома дод, Душанбе ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ бо Амрико дар оянда низ эҳтиёҷ дорад. Ба гуфтаи ӯ, то ба имрӯз миёни Амрико ва Тоҷикистон беш аз 30 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст, ки пояҳои ҳуқуқии муносиботи ду кишварро то ҷое таъмин мекунад. Раҳмон дар поёни нишаст изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои маҳофили тиҷории Тоҷикистону Амрико дар оянда низ густариш ёфта, ширкатҳои бузурги амрикоӣ ҳаҷми сармоягузории худро дар бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон афзоиш хоҳанд дод.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 50 шахси ҳуқуқӣ бо сармояи амрикоӣ сабт шудааст. Ин корхонаҳо ва ширкатҳои амрикоӣ дар заминаҳои тиҷорат, саноат, сохтмон, ҳамлу нақл ва хидматрасониҳои молиётӣ фаъолият мекунад.