Сентябр 23, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Пуштибонии Кабирӣ аз Рустами Эмомалӣ

Раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон эҳтимоли интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалиро дар ин кишвар дар оянда мусбат арзёбӣ кардааст, ки ба андешаи вай ҳар навъ тағйирот ба маънии беҳбуди авзоъ хоҳад буд.

Ба гузориши нашрияи интернетии “Eurasia Daily”, Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба равобити печидаи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов гуфтааст, ки инак бо даргузашти вай муносиботи Тошканд бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва давлати Душанбе дар ҳоли беҳбуд мебошад.

Аз ин рӯ, ба андешаи Кабирӣ ҳар навъ тағйирот ба маънии беҳбуди авзоъ хоҳад буд, ҳатто ки фарди дигаре аз аъзои хонаводаи ҳоким зимоми амурро дар даст гирад. Ин тағйирро метавон дар мисоли Ӯзбакистон мушоҳида кард, ки бо даргузашти Ислом Каримов ва рӯйи кор омадани давлати ҷадид ба раёсати Шавкат Мирзиёев дар Тошканд, муносиботи ин кишвар бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли рушду тавсеа ва канор гузоштани ихтилофоти сиёсӣ қарор дорад. Ба ин далел, раҳбарони ҷадид бо тафаккури дигар фаъолият хоҳанд кард, ки мубтанӣ бар ду асли барқарории суботи дохилӣ ва таомул бо хориҷ хоҳад буд.

Аз дидгоҳи Кабирӣ, таҳаввулоти як соли ахир дар Ӯзбакистон нишон медиҳад, ки иддаои коршиносон дар бораи идомаи сиёсати низоми қаблӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сурати рӯйи кор омадани афроди ҷадид нодуруст оз об даромад. Аз ин рӯ, дар шароити сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳар навъ тағйиру таҳаввул дар қудрат ва рӯйи кор омадани афроди ҷадид бо андешаҳои навин паёмадҳои мусбат хоҳад дошт.