Сентябр 23, 2017 12:50 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти қатли оми мусалмонони Миёнмор аз сӯйи Шӯрои уламои Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори иттилоияе қатли оми мусалмонон дар Миёнморро маҳкум кард.

Ин ниҳоди динии Тоҷикистон дар ин иттилоия таъкид кард, ҳеч фарди мусалмоне наметавонад дар қиболи ҳаводиси кишвари Миёнмор, ба вижа авзои занону кӯдакони он бетараф бошад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баёни ин ки Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад, гуфтааст: “мо бояд дар ҳаққи бародарони мусалмонмон дар ҳар намоз дуо кунем”.

Ин иттилоия ҳамчунин ҳушдор додааст: “Абарқудратҳо мардумро ба чандин гурӯҳ тақсим мекунанд ва миёни онҳо ҷангу низоъ ба роҳ меа‌ндозанд, пас бояд бисёр ҳушёр бошем, зеро дар ин замони пурфитна арзишмандтарин чиз барои инсоният як тикка замини ором аст то дар он зиндагӣ ва ибодати худро ба осудагӣ анҷом диҳад”.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбати телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия нигаронии шадиди худро аз идомаи таъқибу озори мусалмонони Руҳингиё эълом карда буд.