Сентябр 23, 2017 15:31 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзии як хобгоҳи донишгоҳӣ дар Душанбе

Манобеи маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе аз вуқӯи як мавриди оташсӯзӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ин шаҳр хабар доданд.

Ин ҳодиса, ки Вазорати дохилии Тоҷикистон ҳам онро таъйид кардааст, авоили шаби гузашта дар анбори хобгоҳ, ки дар табақаи аввал қарор дошт, рух дод.

Гуфта мешавад, бар асари ин оташсӯзӣ дастикам шаш донишҷӯе, ки дар табақаи чаҳоруми хобгоҳ мустақар буданд, осеб дидаанд.

Дар солҳои гузашта оташсӯзиҳои зиёде дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон рӯй дода, ки иллати бештари ин ҳаводис иттисоли хутути барқ эълом шудааст.

Бештарин хисоратҳо дар ин оташсӯзиҳо марбут ба бозорҳои Тоҷикистон будааст.