Дидорҳои расмии Аслов бо ҳамтоёнаш дар Ню-Йорк
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i23559-Дидорҳои_расмии_Аслов_бо_ҳамтоёнаш_дар_Ню_Йорк
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти ҳафтоду дувумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо шуморе аз ҳамтоёнаш дидору гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 25, 2017 11:21 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои расмии Аслов бо ҳамтоёнаш дар Ню-Йорк

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти ҳафтоду дувумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо шуморе аз ҳамтоёнаш дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши торнамои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷиддин Аслов бо Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон, ду тараф дар бораи масоили муҳим дар равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва низ ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ карданд.

Аслов дар дидор бо шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷа ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ мавзӯоти муҳими тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва АМА-ро бо ӯ ба баҳс гузошт.

 Ду тараф ҳамчунин дар мавриди баргузории ҳамоиши ҳамкории иқтисодии араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон гуфтугӯ карданд.

Ин ҳамоиш 16-уми октябри имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.