Боздошти як омили қочоқи парандагони камёб аз Душанбе ба Дубай
Як масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи парандагони камёб ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, нерӯҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Анвар Сафаров, корманди гумруки фурӯдгоҳи Душанберо ба иттиҳоми кӯмак ба қочоқи теъдоди зиёди парандаи камёби шоҳин боздошт кардаанд
Ин боздошт ба думболи кашфу забти теъдоди зиёди парандаи шикории шоҳини мунтақилшуда аз шаҳри Душанбе дар фурӯдгоҳи Дубай ва бозрасии дурбинҳои фурӯдгоҳи пойтахти Тоҷикистон иттифоқ афтодааст.
Полиси Дубай дар бораи ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистонро бохабар карда ва дар Душанбе парвандаи ҷиноии қочоқи парандаҳои камёб боз шудааст.
Бар асоси ин парванда, Анвар Сафаров шахсан парандаҳоро ба даруни ҳавопаймо мунтақил кардааст.
Ин хабар дар ҳоле расонаӣ шудааст, ки ҳанӯз мақомоти тоҷик ба таври расмӣ онро таъйид ё такзиб накардаанд.
Гуфта мешавад, арабҳои сарватманд ба парандаҳои шикории Осиёи Марказӣ алоқаи хосе доранд ва ҳамасола даҳҳо нафар аз кишварҳои арабӣ, ба хусус аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба ҷустуҷӯи шоҳини шикорӣ ба Тоҷикистон мераванд.
Ин дар ҳоле аст, ки ба хориҷ бурдани ин парандаҳои камёб тибқи қонунҳои Тоҷикистон бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ аст ва ба ҳамин далел харидорон ба думболи роҳҳои қочоқи ин парандагон ҳастанд.