Сентябр 26, 2017 09:45 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018

Тарҳи буҷети давлати Тоҷикистон барои соли 2018 таҳия ва ба манзури баррасӣ ба ҳукумати ин кишвар ироа шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, 20 миллиарду 643 миллион сомонӣ барои бахши даромадии буҷети давлати ин кишвар дар соли 2018 пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷети имсол 7,5 дарсад бештар аст .

Ҳамчунин 20 миллиарду 977 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дар бахши ҳазинаии буҷети давлати Тоҷикистон дар соли 2018 пешбинӣ шудааст .

Вазорати молия таъкид кардааст, ки ҳукумат пас аз баррасии тарҳи ироашудаи буҷети соли 2018, онро барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон хоҳад фиристод .

Бар асоси ин гузориш, ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллӣ дар буҷети соли 2018 Тоҷикистон 66 миллиарду 866 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили 7 миллиарду 500 миллион доллар) пешбинӣ шудааст .

Аз сӯи дигар, мизони таваррум дар буҷети соли ояндаи Тоҷикистон 7 дарсад ва сатҳи рушди иқтисодӣ низ 7 дарсад таъин шудааст .

Дар буҷети имсоли Тоҷикистони бахши даромадӣ 19,5 миллиард сомонӣ ва бахши ҳазинаӣ низ 19 миллиарду 600 миллион сомонӣ муқарар шуда буд .

Ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллӣ дар буҷети имсоли Тоҷикистон 58 миллиарду 900 миллион сомонӣ эълом шудааст .