Ҷустуҷуи силоҳҳои гумшудаи марзбонони тоҷик дар дарёи Зарафшон
Полиси ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ дар паи ёфтани 7 қабза силоҳи Калашникови сарбозони марзбонии Тоҷикистон аст, ки дар паи суқути мошини онон дар дарёи Зарафшон мафқуд шудааст.
Ба нақл аз Toptj, мақомоти полиси маҳаллӣ гуфтаанд, ки ахиран як мошини нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар қаламрави ин ноҳия дучори нақси фаннӣ шуда ва ба дарёи Зарафшон афтодааст .
Дар ин ҳодиса, чаҳор сарбоз ва ронанда худ ба берун парт шуданд, ки ҳамаи онон наҷот ёфтаанд, бо ин ҳол яке аз сарнишинон, ки натавониста буд, аз мошин хориҷ шавад, дар дарё ғарқ шудааст ва талош барои пайдо кардани ҷасади вай идома дорад .
Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ гуфтааст, ки полиси маҳаллӣ ва гурӯҳҳои имдоду наҷот дар ҳоли ҷустуҷӯ барои ёфтани ҷасади ин фард ва силоҳҳои сарбозони нерӯи марзбонии Тоҷикистон ҳастанд .
Вай бо баёни инки гурӯҳҳои имдодӣ мошини осебдидаро аз дарё хориҷ кардаанд, афзуд: Бо ин ҳол, токунун нишоне аз сарнишин ғарқшуда ва силоҳҳои гумшуда ба даст наомадааст .
Ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ дар вилояти Суғд минтақаи комилан кӯҳистонӣ аст ва бо Узбакистону Қирғизистон марзи муштарак дорад .