Тоҷикистон назорат бар воридоти либоси мактабиро пурзӯр мекунад
(last modified Mon, 15 Aug 2016 14:38:49 GMT )
Август 15, 2016 19:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон назорат бар воридоти либоси мактабиро пурзӯр мекунад

Давлати Тоҷикистон назорат бар воридоти либоси мактабӣ барои хонандагони мадрасаҳои таҳсилоти умумӣ дар ин кишварро пурзӯр кардааст.

Тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд  воридоти ҳамагуна либоси мактабӣ аз хориҷ,  танҳо пас аз ташхиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ва муҷавизи ин ниҳод сурат мегирад.

Ҳадаф  аз ин иқдом аз як сӯ  ҳифзи саломатии  кӯдакон  ва аз сӯи дигар ҳимоят аз рушди тавлидоти дохилӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Бар асоси ин мусаваббаи давлати Тоҷикистон матое, ки аз он либоси мактабӣ дӯхта мешавад, бояд на камтар аз 60 дарсади таркиби он аз нахи пахта ва аз 30 то  35 дар сади боқӣ  аз нахи маснуӣ ташкил шуда бошад.

Бояд гуфт, ки тасмими ташхиси кайфияти либосҳои мактабии аз хориҷ воришаванда  дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистон талош  доранд, либосҳои мактабии тавлидоти дохилӣ  бештар вориди бозор дар ин кишвар  шавад.

Аз ҷумла дар чанд соли ахир мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои дузандагӣ барои хонандагон либосҳои ягонаи мактабӣ пешниҳод мекунанд.

Аз сӯи дигар  Нуриддини Саид вазири маориф ва илми  Тоҷикистон,  дар нишасти матбуотии ин ниҳод таъкид кард, ки дар соли ҷорӣ муасисаҳои таҳсилоти умумӣ  беш аз аз як миллион адад либосҳои мактабӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ дархост кардаанд.

Ба гуфтаи Нуриддини Саид кайфияти матоъ ва духти либосҳои мактабӣ дар ин коргоҳҳо таҳти назорати мақомоти зидахл қарор дорад.

​Гуфтанист бар асоси иттилоъи  вазорати саноат ва фановариҳои навини  Тоҷикистон  дар соли ҷорӣ  то оғози моҳи август коргоҳҳои дузандагӣ дар ин кишвар 300 ҳазор либоси мактабӣ таҳия ва пешниҳоди хонандагон кардаанд.

Бояд гуфт дар ҳоли ҳозир чопи тамоми  китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар дохили ин кишвар ба роҳ монда шуда, нашри чунин китобҳо дар хориҷ мамнуъ аст.

Аз сӯи дигар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндани наздик тавлиди дигар ашёи мавриди ниёзи аввали хонандагонро дар дохили ин кишвар роҳандозӣ кунад.  Дар Тоҷикистон наздики 3900 мактаби таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш  як миллиону шашсад ҳазор хонанда таҳсил мекунад.