Сентябр 26, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Душанбе

Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва ​​ифротгароӣ дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаҳои муштарак» бо ҳузури коршиносону мутахассисони умури амният дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабагузории “Авесто”, ин конфронс рӯзи 29-уми сентябр дар Маркази мутолиоти стратегии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин конфронс намояндагони мақомоти ҳукумату парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳо, намояндагон аз сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, муовинони раҳбарони котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, намояндагоне аз Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва ниҳоду марказҳои мутолиоти роҳбурдии Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Ширкаткунандагони ин конфронс масоили марбут ба амнияти минтақаӣ, аз ҷумла таҳдиду чолишҳое, ки дар ҳоли табдил шудан ба раванди физояндаву печида ҳастанд, ҳамчунин мушкилоти асосӣ дар сиёсатҳои дохилию хориҷии кишварҳои минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Пешбинӣ мешавад, дар Конфронси байналмилалии "Мубориза бо терроризм ва ​​ифротгароӣ дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаҳои муштарак" муборизаи муштараки зидди терроризм ва ифротгароӣ ва низ буҳрони Афғонистон аз баҳсҳои меҳварӣ бошад.