Сентябр 27, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Барканории се муовини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, се муовини Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, се муовини Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро аз вазифа озод кардааст.

Ба иттилои “Озодагон”, Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромадан ва Суҳроб Паноеву Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо се қарор Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботовро муовинони раиси КДАМ таъин кардааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Ҷуъмахон Ғиёсовро аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон озод ва ба ҷои вай Амирбек Бегназаровро таъин кардааст.