Сентябр 28, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳаққи эъзоми донишҷӯёни тоҷик ба хориҷ

Мақомоти Тоҷикистон чанд созмони мустақили ғайридавлатиро аз ҳаққи эъзоми донишҷӯ ба хориҷ маҳрум карданд.

Ба гузориши сайти “ТОП. тҷ”, бар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ду созмони “Мултикид” ва “ТМ Интернешнл” аз ин пас ҳақ надоранд донишҷуёни тоҷикро ба хориҷ эъзом кунанд ва фаъолияти созмони “SCORP TJ” низ мамнуъ шудааст.

Алидод Расулзода, масъули идораи Хадамоти давлатии назорат бар фаъолияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки иллати ин иқдом амалкарди худсарона ва бидуни муҷаввизи ин созмонҳо буда, ки бидуни дар назар гирифтани мулоҳизоти ин вазорат даст ба эъзоми донишҷуёни тоҷик ба хориҷ мезананд.

Ин созмонҳо бо баргузории давраҳои омӯзишии забони англисӣ ва намоишгоҳ дар шаҳри Душанбе шароит ва заминаи омӯзиш ва идомаи таҳсилро барои донишҷуёни тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ муаррифӣ мекарданд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муддаиянд, ки ин марокиз танҳо аз ҳаққи омӯзиши забони англисӣ бархурдоранд ва эъзоми донишҷӯ ба хориҷ дар чорчӯби салоҳият ва ихтиёроти ин гурӯҳҳо нест.

 Алиакбар Саид, иқтисоддони тоҷик бо ишора ба ҳазинаҳои калоне, ки ҳамасола барои эъзоми донишҷуёни тоҷик ба хориҷ сарф мешавад гуфт, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо мамнуъ кардани фаъолияти ин гуна созмонҳо мехоҳад ин бозори пурсудро дар инҳисори худ бигирад.

 Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай ба далели боло будани шумори довталабони таҳсили улум дар донишгоҳҳои хориҷӣ, саҳмияи ин барнома маъмулан дар ихтиёри фарзандони мақомоти аршади давлатӣ қарор дорад.

Ҳамакнун беш аз10 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ омӯзиш мебинанд, ки 60 дарсадӣ ин омор марбут ба донишгоҳҳои Русия аст.

 

Барчасп