Боздошти як мақоми маҳаллии ҳукумати Тоҷикистон ба иттиҳоми ришвахорӣ
Як мақоми маҳаллии ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат ба иттиҳоми гирифтани ришва боздошт шудааст.
Ин хабарро имрӯз (шанбе) Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон расонаӣ кардааст.
Бар асоси ин гузориш, боздошти Рустам Акобирзода, муовини раиси ноҳияи Ваҳдат ба думболи шикояти яке аз сокинони ин ноҳия сурат гирифтааст.
Дар баррасиҳо мушаххас шуда, ки Акобирзода аз ин фард ва як шаҳрванди дигар бо ваъдаи вогузарии замин, маҷмуан 140 ҳазор сомонӣ (15 ҳазор доллар) ришва гирифтааст.
Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ аст ва фақат ҳафт дарсади қаламрави онро заминҳои қобили истифода ташкил медиҳад, ба ҳамин сабаб заминхорӣ аз мушкилоти аслии иҷтимоӣ дар ин кишвар аст.
Тибқи омори расмӣ 80 дарсади шакоёти шаҳрвандон аз мақомоти ҳукуматӣ марбут ба баҳси замин аст.