Октябр 01, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар дидори дипломатҳои тоҷику Кореяи Ҷанубӣ тавсеаи ҳамкориҳо ва равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, рӯзи 29-уми сентябр Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати Корея ба сарпарасти Лим Сонгнам, муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидор кард. Ба иттилои ин манбаи хабарӣ, дар ин дидор масоили муҳими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақаӣ ва фароминтақаӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин дидор ду тараф ба тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар робита ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фановарӣ ҳамчун василаи самарбахши ҳамкориҳо ишора карданд.

Ба навиштаи “Спутник”, дар ин росто ба зарурати истифода аз имконоту тасҳилоти мавҷуд барои рушди ҳамкориҳои дӯстона ва тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид шуд. Гуфта мешавад, дар ин дидор ҳамчунин масоили таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон низ баррасӣ шудааст.