Ҳушдори ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳо: Худситои накунед
Ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳо, созмонҳои давлатӣ ва идороти ҳукуматӣ ҳушдор додааст, “худситои накунанд" ва амнияти сомонаҳои интернетии худро тақвият кунанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, дар ин нома бар зарурати поён додани мақомот ба “худситоӣ”, ироаи иттилоот аз фаъолияти вазоратхонаҳо, созмонҳои давлатӣ ва идороти ҳукуматӣ дар маҳаллаҳо ва таваҷҷуҳ ба мавзӯи амнияти сомонаҳои интернетӣ таъкид шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки аксари маҳофили расонаӣ дар Тоҷикистон муътақиданд, иттилооти сомонаҳои интернетии давлатӣ ва ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар ба рӯз нест ва аз амнияти кофӣ барои муқобила бо ҳамалоти киберӣ бархӯрдор намебошанд.
Маҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик барои сомонаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ду мушкили умда бармешуморад ва мегӯяд, нахустин мушкил ин аст, ки ин сомонаҳо иттилооташон ба рӯз нест ва бархе ахборро пас аз чаҳор то панҷ рӯз аз замони рух додани иттифоқ, мунташир мекунанд.
Хонум Киромова мегӯяд, мушкили дуввум ин аст, ки ба иллати бемуҳтаво будани матолиб, сохтани як хабари комил аз иттилооти ироа шуда дар сомонаҳои ҳукуматӣ кори бисёр сахте аст.
Дар айни ҳол ба гуфтаи ин хабарнигори тоҷик, теъдоде аз кормандони сомонаҳои ҳукуматӣ ба шарти ифшо нашудани номи хеш мегӯянд, ки иллати ба рӯз набудани ахбор ва матолиби мунташир шуда дар ин сойтҳо, мавонеи девонсолорӣ ва идорӣ аст, зеро то яке аз масъулони вазоратхонаҳо, созмонҳои давлатӣ ва идороти ҳукуматӣ дар ноҳияҳо ин ахборро нахонанд, муҷаввизи интишор дода намешавад.
Аз сӯи дигар, Аҳлиддин Салимов, коршиноси умури амнияти роёнаӣ муътақид аст, сохтори аксар аз сомонаҳои интернетии вазоратҳо, созмонҳои давлатӣ ва идороти ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, кӯҳна аст ва дар баробари ҳамалоти эҳтимолии рахнагарон тавони муқовимат надоранд.
Вай пешниҳод кардааст, ки барои таъмини амнияти номаҳои расмии ирсолии мақомот низ тадобири ҷадид андешида шавад.
Тобистони соли гузашта ширкати интернетии “Rapid7”, Тоҷикистонро дар радифи чаҳор кишвари нахуст дар ҷаҳон қарор дода буд, ки дар муқобили ҳамалоти киберӣ аз ҳама осебпазиртар ҳастанд.