Устоди донишгоҳ: Русия ба зуддӣ ба коргарони муҳоҷир мӯҳтоҷ мешавад
Устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон муътақид аст, то шаш соли дигар Русия барои ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, худ вориди амал хоҳад шуд.
Ба гузориши “Топ Тҷ”, доктор Раҳмон Ӯлмасов гуфтааст, ки тайи беш аз ду даҳа аз истиқлоли Тоҷикистон, як миллион нафар аз тоҷикистониён мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд ва дар муддати шаш соли оянда, Маскав худ ба сӯроғи коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад омад.
Вай мегӯяд, бар асоси муҳосиботи ҷамъиятшиносӣ, дар авохири қарни 21 дар Русия танҳо 95 миллион нафар мардуми бумӣ, боқи хоҳанд монд ва дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 19 ҳазор деҳа бидуни аҳолӣ аст.
Аз сӯи дигар дар ҳафт то ҳашт ҳазор деҳаҳои Русия танҳо панҷ, шаш нафар афроди бознишаста зиндагӣ мекунанд ва ин кишвар маҷбӯр мешавад дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодиаш неруи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти вилоятҳои шарқӣ ва минтақаи Сибири Русия ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки омодаанд дар қаламрави ин вилоятҳо ҳар 100 ҳазор гектар заминро барои кишти маҳсулоти мухталифи кишоварзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора диҳанд.
Ин мақомот мӯътақиданд, агар ин барномаро амалӣ накунанд шаҳрвандони чинӣ вориди ин манотиқ мешаванд, ки бархилофи тоҷикон аҳдофи геополитикиро думбол мекунанд ва ин мавзӯъ дар баландмуддат ба зиёни Маскав хоҳад буд.