Октябр 03, 2017 10:53 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи ҷадиди Сандуқи байналмилалии пул дар ҳимоят аз буҷети давлати Тоҷикистон

Мақомоти Сандуқи байналмилалии пул ва мудирияти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷазби кумакҳои ин ниҳоди молии байналмилалӣ барои ҳимоят аз ислоҳоти низоми бонкӣ ва пулӣ дар ин кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз сайти дафтари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон, дар дидори Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии ин кишвар бо ҳайъате аз Сандуқи байналмилалии пул ба сарпарастии Падамҷой Ҳанделвал дар шаҳри Душанбе дар бораи зарурати ислоҳот дар қавонини бонкӣ ва пулии ин кишвар бо ҳадафи ҷазби кумакҳои ин ниҳоди молии байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд  .

Падамҷой Ҳанделвал дар ин дидор таъкид кардааст, ки низоми бонкӣ ва пулии Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ ва усулӣ дорад .

Ба гуфтаи вай, қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 200 миллион доллар расидааст, ки сақфи хатарноке барои ояндаи иқтисодии ин кишвар ба ҳисоб меояд .

Музокироти мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул барои ҷазби 500 миллион доллар кумаки ин ниҳод, воридии соли чаҳорум шудааст .

Дар ин муддат, Сандуқи байналмилалии пул барои ироаи кумакҳои молӣ ба Тоҷикистон, шуруте чун эътои тасҳилоти бештар ба бахши хусусӣ, ислоҳи низоми бонкӣ, таъмини рушди иқтисодӣ бо иҷрои барномаи иштиғолзоӣ, тасфияҳисоби бонкҳои буҳронзада бо муштариён ва коҳиши фақрро матраҳ кардааст .

Пеш аз ин, мақомоти иқтисодии Тоҷикистон аз пазириши ин шартҳо худдорӣ мекарданд, аммо коршиносон муътақиданд, ки ахиран дар мавозеи ҳукумати ин кишвар тағироте эҷод шудааст .