Талоши Арабистон барои нуфуз дар марокизи фарҳангии Тоҷикистон
Аъзои Парлумони Тоҷикистон тавофуқномае тасвиб карданд, ки таи он сохт ва таҷҳизи бархе мактабҳои миёна дар ин кишварро ба Сандуқи тавсеаи Арабистони Саудӣ вогузор мекунад.
Ба нақл аз Авесто, ин тавофуқнома дар Ҷидда ба имзо расида буд ва бар асоси он, Сандуқи тавсеаи Саудӣ 35 миллион доллар барои сармоягузории ин тарҳ, ки интизор меравад, то соли 2023 такмил шавад, ихтисос дод .
Ҳадафи зоҳирии ин тарҳ беҳбуди омӯзиши умумӣ бо сохт ва таҷҳизи чандин мактабҳои миёна дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз ҷумла Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик ва Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон ва Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом ва Масчоҳ дар вилояти Суғд ва дигар навоҳии ин кишвар аст .
Коршиносон муътақиданд, барои кишварҳое монанди Қатар ва Арабистон, сармоягузорӣ дар кишварҳои дурдасте монанди Осиёи Марказӣ чандон тавҷеҳи иқтисодӣ надорад ва онҳо ба дунболи манофеи дигаре ҳастанд .
Батаври мисол, фаъолиятҳои Қатар дар Осиёи Марказӣ бахусус Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дорои пешинаи мазҳабӣ ҳастанд, фақат ба равобити иқтисодӣ мунҷар намешавад ва ин кишвари сарватманд ба дунболи нуфӯз дар бахшҳои асосии ин кишварҳо ва ҳусули аҳдофи махфии худ аст.
Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, баунвони яке аз манотиқи мустаъиди ҷазби ҷарёни ифротӣ, таи чанд соли гузашта ба шиддат мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ба хусус Арабистони Саудӣ қарор гирифтаанд .