Нигаронии Раҳмон аз авзои ноҳияи Рӯдакӣ ва "дарди бедармон"-и он
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷурму ҷиноят, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи фурӯши ғайрқонунии замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз барои ифтитоҳи чанд тарҳи омӯзишию иҷтимоӣ ва дидор бо мардуми ноҳияи Рӯдакӣ ба ин минтақа рафта буд, аз афзоиши ҷурму ҷиноят, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи фурӯши ғайриқонунии заминҳои кишоварзӣ ибрози нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, агар соли 2016 мизони ҷурму ҷиноят дар ноҳияи Рӯдакӣ дар муқоиса ба соли 2015, ки афзоиши 11-дарсадиро нишон медод, танҳо тайи ҳашт моҳи нахусти имсол ин шохис дар муқоиса ба ду соли қабл 17 дарсад бештар шудааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар чаҳор соли ахир алайҳи 168 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба иттиҳоми шомил шудан ба гурӯҳҳои террористӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст, ки ҷойи нигаронӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, бо вуҷуди тадобири андешидашуда дар Тоҷикистон барои ба ин кишвар бозгардондани донишҷӯёне, ки дар марокизи омӯзишии дигар кишварҳо ба таҳсили ғайриқонунии улуми исломӣ машғул ҳастанд, ҳанӯз ҳам 36 нафар аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ба ин кор идома медиҳанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон идомаи моҷарои фурӯши ғайрқонунии замин дар ноҳия Рӯдакиро "дарди бедармон" хонда гуфт, дар се соли ахир заминҳои кишти 58 хоҷагии кишоварзӣ ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст. Ба гуфтаи Раҳмон, дар 20 соли ахир наздик ба дуюним ҳазор гектар аз заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври ғайриқонунӣ фурӯхта шудааст, ки 11 дарсад аз маҷмӯи заминҳои кишоварзии ин минтақаро ташкил мекунад.