Октябр 04, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти тоҷикистонии узви ДИИШ ба зиндон

Як шаҳрванди тоҷикистонии дигар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ- такфирии ДИИШ ба зиндон маҳкум шуд.

Тибқи иттилои сомонаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар як ҳафтаи ахир 7 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷурми узвият ба сафи ДИИШ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Дилшод Абдураҳмонов, як сокини пойтахтро ба ҷурми таблиғи ақоиди гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба 12,5 сол зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, Дилшод Абдураҳмонов дар Русия таҳти таъсири таблиғоти интернетии ДИИШ қарор гирифта ва бо ташвиқи яке аз мубаллиғони ин гурӯҳ бо номи мустаори Абусалоҳ қасд дошт ба Сурия сафар кунад, аммо 16-уми июл дар фурудгоҳи Жуковскийи Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Тибқи оморҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҳазору 144 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур ёфта ва аз ин теъдод 300 тан кушта шудаанд.

 

Барчасп