Октябр 04, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти Ҳафтаи дифои муқаддас дар Тоҷикистон

Маросими бузургдошти Ҳафтаи дифои муқаддас бо ҳузури меҳмононе аз Тоҷикистон, сафирони кишварҳои Русия, Озарбойҷон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Туркия, Қазоқистон, Ҷопон ва вобастаҳои низомии ин кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, сивуҳафт сол аз таҷовузи режими Саддом ба Эрон, ки бо таҳрики бархе қудратҳо сурат гирифт ва ҳадафи он ишғоли Эрон ва сарнагунии низоми ҷумҳурии исломӣ буд, мегузарад ва Эрон акнун қавитар аз ҳамеша аст.

Фағонӣ афзуд, бо дифои ҳамаҷонибаи мардуми Эрон, мутаҷовизон на танҳо ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ нарсиданд, балки бо шикасти сангине мувоҷеҳ шуданд ва Созмони Милал низ дар поёни ҷанг режими Саддомро ба унвони оғозгари ҷанг эълом кард.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ба унвони кишваре, ки мубтакири ибтикороти “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ва “Ҷаҳон алайҳи хушунат ва ифротигарӣ” дар Созмони Милал буда ва дар таърихи чандсадсолаи ахир ба кишвари дигаре таҷовуз накардааст, бовар дорад, ки қарордодҳои калони таслеҳотии бархе қудратҳо бо кишварҳои минтақа ба нафъи сулҳу суботи онҳо ва мардуми минтақа нест.

Дар ҳошияи ин маросим намоишгоҳе аз нақшаҳои амалиётӣ ва аксҳое аз саҳнаҳои Дифои муқаддас барпо ва тасовире аз охирин дастовардҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намоиш гузошта шуд.

 Дар 31-уми шаҳривари 1359 режими баъси Ироқ бо тасмим ва тарҳи қаблӣ ва бо ҳадафи барандохтани низоми навпойи ҷумҳурии исломӣ ҷанги тамомайёрро алайҳи Эрони исломӣ оғоз кард, ки ҳашт сол ба тӯл анҷомид.

 

Барчасп