Октябр 04, 2017 17:08 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қарордоди интиқоли таҷҳизоти низомии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар парлумони Тоҷикистон

Қарордоди ҳамкории кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар бораи интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои узви ин созмон пас аз ду сол, дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба тасвиби ниҳоӣ расид.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ироаи ин санад, ба намояндагони Маҷлиси миллӣ гуфт, ин қарордод ба бозсозии артиши Тоҷикистон ва муқобила бо таҳдидҳое, ки барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунанд, кумак хоҳад кард.

Тасвиби санади тараддуди нерӯҳои низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар маҷлиси кишварҳои узв аз ҷумла Тоҷикистонро бояд аз ҷумлаи калидитарин мусаввабаҳои ин созмон таи чанд соли гузашта қаламдод кард. Ба ҳамин далел, имзои ин санад барои аъзои ин ҷомеа ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳоизи аҳаммият аст.

Аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдофи таъсиси ин созмон, маҳдуд кардани заминаҳои густариши Созмони паймони Атлантики шимолӣ-НАТО ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои минтақа эълом шудааст. Дар воқеъ бояд гуфт, пас аз фурупошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва коҳиши тавони сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Русия, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба манзури муттаҳид нигаҳ доштани кишварҳои минтақа ва боло бурдани зарфиятҳои низомӣ ва сиёсии кишварҳои узв эҷод шудааст.

Барағми тасвиби чорчубҳои низомии пешрафта, назири мусаввабаи ахири Маҷлиси миллии Тоҷикистон, саволи асосӣ ин аст, ки оё Созмони паймони амнияти ҷамъӣ имкони таъмини аҳдофи аввалияи таъсис назири муқобила бо нуфузи Амрико ва созмони низомии НАТО дар минтақаро дорад ?

Дар посух ба ин савол, Александр Князев, коршиноси сиёсии рус муътақид аст: Агар механизмҳои иттихози тасмимот дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ тағйир накунад, чунин чизе иттифоқ намеафтад. Муҳимтарин нақси сохторӣ ва идории ин созмон, фиқдони сатҳи амалиётӣ-тактикии иттихози тасмимҳои калон аст, ки дар маҷмуъ, имкони таҳаққуқи ба мавқеи барномаҳои стратегии созмонро бо мушкил мувоҷеҳ месозад .

Дар ин миён бояд гуфт, санади тасвибшуда дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон, нахустин бор дар рӯзи 15 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон матраҳ ва тавассути сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ имзо шуд.

Ҳадафи аслӣ аз ин санад, интиқоли бидуни монеи таҷҳизоти низомӣ дар сатҳи кишварҳои узви ин созмон аз ҷумла Тоҷикистон аст. Ин санад дар ҳақиқат, ба кишварҳои узв иҷоза медиҳад, ки бидуни дағдаға, нерӯҳои низомии худро дар марзҳои кишварҳои узв интиқол диҳанд .

Рӯи ҳам рафта, бо вуҷуди имзои ин санади муҳим ва тасвиби он дар Парлумони Тоҷикистон, баъид ба назар мерасад, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо мушкилоти марзии мутааддиде даргир ҳастанд, битавонанд мусаввабаи Созмони паймони амнияти ҷамъиро ба роҳатӣ иҷро кунанд.