Парлумони Тоҷикистон таҳияи машруботи алкулиро қонунӣ донист
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24087-Парлумони_Тоҷикистон_таҳияи_машруботи_алкулиро_қонунӣ_донист
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни танзими муқаррароти тавлид ва муомилоти машруботи алкулӣ, ба шаҳрвандони ин кишвар тавлиду масрафи ин навъи нӯшиданиҳоро дар шароити хона ва бидуни доштани ҳаққи фурӯши онҳо иҷоза дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 05, 2017 06:52 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Тоҷикистон таҳияи машруботи алкулиро қонунӣ донист

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни танзими муқаррароти тавлид ва муомилоти машруботи алкулӣ, ба шаҳрвандони ин кишвар тавлиду масрафи ин навъи нӯшиданиҳоро дар шароити хона ва бидуни доштани ҳаққи фурӯши онҳо иҷоза дод.

Ба гузориши сомонаи “ТОП.т‌ҷ”, бар асоси ислоҳияи воридшуда ба ин қонун акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни доштани ҳаққи фурӯши машруботи алкулӣ, барои масрафи худ иқдом ба тавлиди анвои ин машрубот дар хонаҳои худ кунанд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ҳангоми муаррифии ислоҳияи Қонуни танзими муқаррароти тавлид ва муомилоти машруботи алкулӣ дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, ки бо тасвиби ин тарҳ шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ ҳаққи тавлиду масрафи машруботи алкулӣ дар хонаҳои хешро доранд.

Ҳамчунин соҳибони фурӯшгоҳҳо метавонанд бо дарёфти муҷаввизи вижа ба фурӯши машруботи алкулӣ иқдом кунанд.

Дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ тавлиду масрафи машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёфта буд, аммо ба гуфтаи коршиносон дар солҳои ахир таҳаррукоте барои эҳёи дубораи тавлиду масрафи машруботи алкулӣ оғоз шудааст, ки бо одобу русуми зиндагии суннатии мардуми мусалмони Тоҷикистон созгорӣ надорад.

Ин иқдомот ёдовари дастури Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон аст, ки пас аз ҳаводиси хунини моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Андиҷон, дар водии Фарғона фаъолияти тамоми чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар маконҳои ғизохурӣ бидуни доштани машруботи алкулиро мамнуъ карда буд.